User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Cанаи 15 феврали соли равон нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2022 баргузор гардид.

Дар нишаст

директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М., мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо М., муовинони директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ., Аюбӣ Б.О., директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии  хизматчиёни давлатӣ Ғанизода И.Ғ., инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентии хизмати давлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ нахуст директори Агентии хизмати давлатӣ ба хабарнигорон оид ба натиҷањои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2021 гузориш дод. Бо назардошти қаблан дастрас гардидани фишурдаи  гузориш оид ба фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2021 бештари вақти ҷудошудаи нишасти матбуотӣ ба саволу ҷавобхо равона гардид.

Дар ҷараёни нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма ба масъалаҳои назорати одоби хизматчиёни давлатӣ ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани хизматчиёни давлатӣ тибқи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, норасоии кадрҳо дар мақомоти давлатӣ, махсусан дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ҳолати баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабғои холии маъмурии  хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, сабабҳои ҷалби ками довталабон барои иштирок дар озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар баъзе мақомоти давлатт, талабот нисбати хизматчиёни давлатие, ки хоҳиши таҳсил дар хориҷи кишварро доранд, аз ҷумла аз доираи Барномаи КОICA, рафти иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, ҳолатҳои аз кор рафтани хизматчиёни давлатӣ, музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар хориҷа, чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти коронавирус «Covid-19», фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2021,  холатхои то баргузории озмун (муваққатан) ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ таъин гардидан таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба саволҳои хабарнигорон дар робита ба масоили зикргардида посухҳои мушаххас дода шуд.

Хусусан ба  масъалаҳои ҷалби хизматчиёни давлатӣ барои тањсил дар хориҷи кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар посух ба саволҳои хабарнигорон қайд карда шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ дар самти тањсил ва таҷрибаомўзии хизматчиёни давлатӣ ҳамасола хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ва докторантура ба донишгоҳҳои Япония, Корея, Қазоқистон, Хитой, Россия ва дигар давлатҳо дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ равон карда мешаванд.

Ҳамчунин дар рафти нишасти матбуотӣ аз ҷониби директори Агентии хизмати давлатӣ пешниҳод гардид, ки хабарнигорон метавонанд барои огоҳии бештар пайдо намудан аз рафти баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатӣ ва Агентии хизмати давлатӣ дар озмунҳо иштирок намояд.

Иштирокдорони нишасти матбуотӣ ба ҳамаи саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.

 

 

                                                                                                                                 Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                                                Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон