15:28, 27 Июни 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Категория: Основная

1.Мудири бахши ҳуқуқ-1ҷой, маоши мансабӣ-1323 сомонӣ.

2. Мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёти роҳи оҳани раёсати нақлиёти рӯизаминӣ-1ҷой, маоши мансабӣ-978 сомонӣ.

3. Мутахассиси пешбари шуъбаи нигоҳдорӣ, банақшагирӣ ва баҳодиҳии раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо-1 ҷой, маоши мансабӣ-978 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

-Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Барои ишғоли мансаби

мутахассиси пешбар

- Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ва 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Ҳуҷҷатҳои зерин аз довталабон талаб карда мешавад:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (бағайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотномаи тиббии шакли 038 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- ҷузъдон (скорошивател) бо як адад лифофа;

- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА).

- маълумотнома дар бораи доѓи судї.

Суроғаиқабулиҳуҷҷатҳо;

шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ -14 Телефон барои тамос: 222-22-29, 222-22-03, суроғаи электронӣ :www.mintrans.tj Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар бораи гузарони дани озмун.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Ноябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон