МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ НОРАК БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
Воҳиди сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр
1. Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак- 1 ҷой, музди маош 696,8 сомонӣ;
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳр
1. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Дўконӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 774,8 сомонӣ;
2. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷаншу маросимҳои миллии Ҷамоати деҳоти Дўконӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 774,8 сомонӣ;
3. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Дуконӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 634.4 сомонӣ;
4. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Пули Сангин - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 634.4 сомонӣ;
5. Мутахассис оид ба ҷамъоварии андози Ҷамоати деҳоти Дуконӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 520 сомонӣ.
6. Сармутахассис –заминсози Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 744,8 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба комиссияи озмун
-варақаи шахсиии баҳисобгирии кадрҳо
-тарҷумаи ҳол
-2 дона расм (4/6)
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот
-нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН)
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад)
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086УЕ
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк
-маълумотнома оиди доғи суди надоштан аз ШВКД
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)
-нусхаи шиноснома
Донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
шаҳри Норак, кўчаи Рўдакӣ -18, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак
Телефон барои тамос: 8(3138) 2-14-60 почтаи электронӣ kadrho.norak@khatlon.tj
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








