User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма мерасонем, ки мутобиқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2015, №26/10-85 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2015 санаи 12 январи соли 2016, соати 1100 дар бинои Агентӣ бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир - 33  баргузор мегардад.

Дар нишасти матбуотӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони он, роҳбарияти Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва кормандони он иштирок менамоянд.

Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма 12 январи соли равон аз соати 1030 оғоз мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд қаблан тариқи телефонҳои 224 - 40 - 67, 224 - 53 – 22 ва почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. аз қайд гузаранд.

                                                                     

  Агентии хизмати давлатии назди
  Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон