User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон курси сайёри таҷрибаомӯзиро дар мавзӯи  «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Хоруғ аз 11 то 16 октябри соли 2021 ташкил намуда, ба он хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, ки солҳои 2019-2020 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, ҷалб карда шуданд.

Дар ифтитоҳи курси мазкур муовини директори Агентии хизмати давлатӣ - Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ноиби якум, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатӣ оид ба таълим Сафарзода Даврон Ҷурахон, муовини раиси ВМКБ Амирбекова Назира иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ба шунавандагони курс дар мавзӯъҳои «Шарҳи Қонуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатї», «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тољикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воќеӣ ва ҳуқуқӣ», «Шарҳи Кодекси одоби хизматии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низоми мақомоти идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», « Имиљи хизматчии давлатї: моњият ва вазифањо», «Коргузорї ва њуљљатнигорї дар маќомоти давлатї: мафњумњои асосї ва таърихи ташаккул», «Дастовардњои Љумњурии Тољикистон дар 30 соли Истиќлол» ва ғайраҳо машѓулиятҳо доир карда мешавад.

Дар анҷоми курс ба иштирокдорон гувоҳнома супорида шуд.