User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ҷиҳати шарҳ додани санадҳои меъёри ҳуқуқӣвобаста ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣдар Агентии хизмати давлатӣсанаи 2 июли соли ҷорӣмашғулияти идоравӣ баргузор гардид. Машғулияти мазкурро Қосимзода Г.Ҷ., муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ оғоз намуда, қайд намуд, кимасъалаи омӯзиши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ яке аз масъалаҳои калидӣбуда, офатҳои табиӣба маҳалҳои аҳолинишин таъсири манфӣрасонида, боиси фавти одамон, харобшавии инфрасохтор мешаванд ва барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии кишвар монеа эҷод мекунанд. Ҳамчунин ҳодисаҳои ҷаҳони муосир тақозо мекунанд, ки масъалаи мазкур мавриди омӯзиш қарор дода шуда,

аҳолӣ барои бартараф намудани ҳама гуна офатҳо омода бошад.

Аз рӯйи масъала Кенҷазода М.А. котиби Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Агентӣ маърӯза намуд. Аз ҷумла иброз карда шуд, ки бо мақсади паст кардани сатҳи офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои бавуҷдомадаи офатҳои табиӣдар сохтори идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти  салоҳиятдори махсус оид ба мудофиаи гражданӣбо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999, №479 -Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, минбаъд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №611 он ба Кумитаи ҳолатҳои  фавқулодда ва  мудофиаи  граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон табдид дода шудааст.

Барои пешбурди самаранокии фаъолият дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣдар солҳои соҳибистиқлолӣяк қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон»,  «Дар бораи ҳифзи аҳолӣва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣва техногенӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Низомномаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ», «Дар бораи муқаррар намудани рақами кӯтоҳи ягонаи фаврии алоқаи «112» Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рақами даъвати хадамоти таъҷилии огоҳисозӣва эътино ба ҳолатҳои фавқулода», «Дар бораи тасдиқнамудани Тартиби таъминоти моддии қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи  Тартиби умумии муайян намудани ҳаҷми зарари ба амвол расида ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода», «Дар бораи Қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ», «Дар бораи Низомномаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода», «Дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» ва ғайраҳо тасдиқ карда шудаанд, ки ҳамагӣ барои андешидани тадбирҳои мушаххас вобаста ба пешгирӣва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд.

Баъдан доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», дигар санадҳои танзимкунандаи соҳа, инчунин оид ба ҳайати Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода маълумоти муфассал дода шуд.