User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2022,№АП-174, инчунин иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

ки санаи 30 марти соли ҷорӣ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намудаанд, санаи 6 апрели соли 2022 намояндаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.

         Зимни сафари корӣ директори Агентии хизмати давлатӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш, раисони ҷамоатҳо, инчунин аҳли ҷамоатчии ноҳия ва сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ҷиргатол ва Пилдон мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуда, оид ба моҳияти нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар аз 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ, масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотӣ дар ин самт, истифодаи сарфакоронаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, ба роҳ мондани кишти зироатҳо, зиёд намудани майдони кишти картошка, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бунёди корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум дар деҳот, бунёди инфрасохторҳои муҳими иҷтимоӣ дар деҳот, таъмири роҳҳо ва беҳсозии вазъи муассисаҳои маорифу тандурустӣ дар деҳот корҳои тарғиботӣ гузаронида шуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуданд.

 

                                                                                     Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон