User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ба кишварамон Наврӯзи оламгир-рамзи эҳёи табиат, сарчашмаи хуррамӣ, покизагиву зебоӣ ва

нишони ҷовидонаи зиндагӣ қадам мегузорад. Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки фармуда:

 Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро,

Айёми ҷавонист заминрову замонро

 Дар ин лаҳзаҳо, ки нафаси тозаи баҳорӣ дилҳои моро лабрези фараҳ мегардонад, бо арзи ихлосу эҳтиром ҳамаи   хизматчиёни давлатиро ба муносибати фарорасии Соли нави аҷдодӣ-Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки оғози эҳёи табиат, тантанаи адолату некӣ, ростиву накӯкорӣ, сулҳу сафо буда, беҳтарин суннатҳои инсониро тарғиб менамояд, бо қадами фархундаи худ ба зиндагӣ муждаи тоза ва ҳусни нав мебахшад, ба хонадони мо файзу баракат ва шодиву нишот меорад ва барои наслҳои имрӯзу фардо аз асолату ҳувияти миллӣ, аз ормонҳои волои созандагиву бунёдкории ниёгонамон ҳикоят мекунад,  муборакбод мегӯям.

         Наврӯз яке аз ҷашнҳои фархундаест, ки дар масири таърихи шашҳазорсолаи худ ҳамчун иди баҳору бедоршавии табиат ва оғози корҳои кишоварзӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҷашни Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин, муқаддастарин ва зеботарин оинҳои миллии мост, ки таъриху тамаддуни бостонии моро таҷассум мекунад.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд, ҷашни Наврўз зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бузурги гузаштагони мост.

Миллати тоҷик ҷашни Наврўзро дар тӯли асрҳо монанди забони модарии худ некӯ нигаҳ доштааст.

Ниёгони мо бо тақозои давр солшумории мусулмониро қабул намуда, дар баробари он тибқи тақвими гузаштагони худ Наврӯзро низ ҷашн мегирифтанд, ки он аз рўйи солшумории шамсї сурат мегирифт. Дар «Наврҳзнома»-и Умари Хайём расму одат ва суннатҳои аҷдодони мо, ки бо омадани Наврҳзи оламафрҳз марбут аст, баён ёфта, оид ба истилоҳ ва мафҳуми дувоздаҳ моҳи паҳлавӣ маълумоти муфид додааст. Хайём дар бораи фарвардин, ки моҳи аввалини яздигурдист, чунин нигоштааст:

 

                  Ҷаҳон аз боди наврузӣ ҷавон шуд,

                  Зиҳӯ зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд.

                  Шамоли субҳдам мушкиннафас гашт,

                  Сабои гарми ў анбарфишон шуд.

 Сарчашмањои замони Сосониён шаҳодат медиҳанд, ки ҷашни Наврӯз ҳамчун иди расмии давлатӣ истиқбол гирифта мешуд ва шоҳон онро бо шаҳомат мегузарониданд, ки он шаш рӯз давом мекард.

Шабҳои наврӯзӣ аз чӯби дарахтҳои махсус оташафрӯзӣ мекарданд, маҳфилҳои идонаи оммавӣ ташкил менамуданд ва бо рақсу таронаҳои наврӯзӣ ин ҷашнро шукуҳ мебахшиданд. Саҳаргоҳон бошад, духтарони ҷавон як ҷо ҷамъ меомаданд. Мўйҳои худро бо гулҳо зебу зиннат дода, ба соҳили дарё мерафтанд ва ба якдигар обпошӣ менамуданд, тамоми рўз сурудхонӣ мекарданд. Қисми зиёди заҳматкашон-деҳқонону косибон ҷашни Наврӯзро ҳамчун нахустин рӯзи баҳори дилкушо, саршавии кишту кори деҳқонӣ, рустани гулҳо ва сабзаҳо пешвоз мегирифтанд.

Расму оин ва анъанањои наврўзӣ дар давоми асрҳо сайқал ёфта, ҳусну таровати хосае пайдо намудаанд. Бо шарофати соҳибистиқлоли Тољикистон имрӯз суннатҳои наврӯзӣ, ки таърихи тӯлонӣ доранд, дубора эҳё ва бо шаҳомати тоза ироа мегарданд.

Хушбахтона дар замони соҳибистиқлолии Тољикистон маҳз бо эҳтимоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии кишварҳои ба мо дӯст Наврӯз Иди байналмилалӣ эълон гардид. Воқеан ин як дастоварди бузурги таърихист, ки тавассути он Ватани Наврӯз-Тоҷикистон ва мардуми шарифи он дар ҷаҳон бештар муаррифӣ мегарданд.

Фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ-пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек таҷассум ёфтааст.

Яке аз сабабҳои асосии мақоми байналмилалӣ пайдо намудани Наврӯз дар он ифода мегардад, ки ҷавҳари фалсафаи ин ҷашни зиндагисозро инсондӯстию тахаммулгароӣ ва парастиши некию накўкорӣ ташкил медихад.

Яъне Наврўз чун ҷашни баробарии инсоният, ойини муҳаббату самимият ва дӯстию рафоқат дар ҷомеаи мутамаддини муосир метавонад на танҳо як хонавода, маҳалла, минтақа ё кишварро ҳамдилу муттаҳид созад, балки он чун василаи беҳтарини гуфтугӯи тамаддунҳо барои ваҳдати инсоният хидмат менамояд.

         Тайи солҳои боҳибистиқлолӣ ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо ҳар сол бо рангу ҷилои тоза ва замонавӣ таҷлил мегардад. Наврўз ба бузургтарин ҷашни миллӣ, баҳору дӯстӣ, муҳаббату самимият, ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ, гузашт аз гуноҳҳо, аёдати пирону ниёзмандон, ниҳолшинонӣ, пок намудани хонаву дар ва манзили гузаштагон, сайругашти оммавӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ғайра табдил ёфтааст. Ин ҷашни пуршукуҳ соли дувоздаҳум аст дар кишварҳои ҷаҳон мутантан таҷлил гардида, аз расму русум, суннату оин ва тамаддунофаринии миллати куҳанбунёди тоҷикон қисса мекунад.

         Воқеан ҳам Наврӯзи хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфои сарзамини аҷдодиамон мебошад, ва ҳама тозакориву ташаббусҳо ва рушду такомул аз ҳамин айёми эҳёгару рўҳафзо сарманша гирифта, моро ба сӯйи фатҳу зафарҳои навин роҳнамун месозад.   

Аз ин хотир бо қалби саршори орзуҳои баҳорӣ  тамоми хизматчиёни давлатиро бори дигар ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рўзгори ободу осударо орзу менамоям. 

       Бигузор ин ҷашни фархунда чун  тимсоли озодагиву зебоипарастӣ ва навсозию бунёдкорӣ баҳри ободию шукуфоии аз ин бештари  Тоҷикистони азиз ва хидмат ба мардуми сарбаланди он пайваста илҳомбахши Шумо бошад! 

Ман таманниёти наврӯзии худро бо суханони Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом мебахшам: «Ҳама рӯзи Тоҷикистону тоҷикистониён ҳамеша Наврӯз ва ҳар иқдоми мо ба нафъи Ватану миллат пирўз бод!»

Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак, дӯстони арҷманд!