User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

 

  1. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати шаҳраки Ховалинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1174 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Ховалинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 884 сомонӣ.
  3. Мутахассис оид ба муроҷиати шаҳрвандони Ҷамоати шаҳраки Ховалинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 724 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 884 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари ҷамъоварии андозҳои ҷамоати деҳоти Ҷомбахт – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 884 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари ҷамъоварии андозҳои Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 884 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ - 1ҷой, маоши мансабӣ - 884 сомонӣ.

 

Барои иштирок дар озмун  ҳуҷҷатҳои

зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли замимаи 1 ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 036 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи ҷойи зист ва оиладорӣ;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

намудаанд).

-гувоҳнома дар бораи надоштани доғи судӣ

             

Талаботи тахасусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

 Талаботи тахасусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Талаботи тахасусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ноҳияи Ховалинг, кўчаи И.Сомонӣ 1, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия телефон:  8331720126, 8331720124.

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияи расмӣ ва сомонаи Агентии  хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

        Эзоҳ:  Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Ховалинг       

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.