17:27, 22 Сентябри 2019
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Ҷавоб ба дархости журналистии хабарнигори Радиои Озодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 октябри соли 2018

Категория: Основная

Дархости хабарнигори Радиои Озодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб Ҳалимов, ки аз 19 октябри соли 2018 ба Агентии хизмати давлатӣ ворид гардидааст, дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи иттилоот» ва «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
    Мувофиқи сархати панҷуми моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд шахси таъин ё интихобшуда, ки ба таври доимї, муваққатї ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалї менамояд, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Љумҳурии Тољикистон дорои ваколатҳои амрдиҳї ба шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ў қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳї, маъмурию хољагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатї, муассисаҳои давлатї, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хољагидори давлатї ва дигар субъектҳои хољагидор, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иљро менамояд, фаҳмида мешавад.
   Ҳамзамон мувофиќи сархати даҳуми моддаи 1 Ќонуни Љумњурии Тољикистон  «Дар  бораи  хизмати  давлатї» шахси  мансабдори давлатї шахси таъин ё интихобшуда, ки ба таври доимї, муваққатї ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалї менамояд, яъне бо тартиби  муқаррарнамудаи қонунгузории Љумҳурии Тољикистон  дорои ваколатҳои амрдиҳї нисбати шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ў қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳї, маъмурию хољагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатї, муассисаҳои давлатї, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хољагидори давлатї ва дигар субъектҳои хољагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат накам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иљро менамояд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, њисобида мешавад.
   Аз ин рў, дар доираи ваколатњои Агентии хизмати давлатї ба дархости Шумо вобаста ба хизматчиёни давлатї чунин посух пешнињод карда мешавад:
     Савол: Оё ќонунгузорї иљозат медињад, ки мансабдори давлатї дар утоќи кории давлатї дар рўзи корї ба корњои шахсиаш машѓул шавад,  тиљораташро дар дохили утоќи кории давлатї ба роњ монад?      Љавоб: Мувофиќи  сархати дуюм ва чоруми банди 1 моддаи 10 Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ба шахси ба иљрои мансаби давлатї ваколатдор ва мансаби ба он баробар кардашуда, аз љумла, амалњои зерин манъ карда шудааст:

-ба кори дигари музднок дар асоси шароити ишғолкунии мансаби штатї, ғайр аз фаъолияти илмиву эљодї ва омўзгорї машғул шавад;

-шахсан ё ба воситаи шахсони боэътимод ба фаъолияти соҳибкорї машғул шавад. Шахси ба иљрои мансаби давлатї ваколатдор уҳдадор аст, ки дар муҳлати на дертар аз понздаҳрўзи баъди ба хизмати давлатї дохил шудан ҳиссаи дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиљоратї доштаашро ба шахси дигар бо ҳуқуқи идораи ба боварї асосёфта супорад.
    Њамчунин мувофиќи сархати панљуми моддаи 30 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» шахси мансабдори давлатї њуќуќ надорад дар идораи фаъолияти љамъияти хољагидор ё дигар ташкилоти тиљоратї иштирок кунад, аз љумла ба ҳайати мақомоти идоракунии ташкилоти тиљоратї, ки узвият дар онҳо бе изҳори иродаи махсуси фардї ѓайриимкон аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки ќонунгузории Љумҳурии Тољикистон пешбинї намудааст, шомил шавад.
       Бо назардошти њамин асосњо хизматчии давлатї бевосита њуќуќи ба тиљорат машѓул шуданро доро намебошад.
     Савол: Тибќи ќонунгузорї мансабдори давлатї ба љуз  аз маоши давлатї боз ба кадом навъи фаъолият метавонад машѓул шавад ва маошу даромад ба даст орад?
       Љавоб: Мувофиќи сархати панљуми банди 1 моддаи 27 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» хизматчии давлатї њуќуќ дорад дар баробари фаъолияти касбї ба фаъолияти илмиву эљодї ва омўзгорї машғул шавад.
        Гирифтани музди мењнат низ аз њамин фаъолият љоиз мебошад.
    Савол: Дар давоми соли 2017 (ва 9 моњи соли љорї) чанд далели пинњон кардани дорої аз сўи мансабдорони давлатї ошкор шудааст?
    Љавоб: Ошкор намудани дороињои шахсони мансабдори давлатї ба ваколати Агентии хизмати давлатї дохил нест ва чунин маълумотњо дар ихтиёри ин мақомот мављуд нестанд.
    Агентии хизмати давлатї бо маќсади муайян намудани рафти татбиќи талаботи моддаи 31 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» ва моддаи 8 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» њамасола танњо њолати аз тарафи хизматчиёни давлатии Љумњурии Тољикистон супоридани эъломияњои андоз аз даромад ва оид ба вазъи амволро тањти назорат ва љамъбаст ќарор медињад ва санљиши чунин эъломияҳо ба ваколати Агентии хизмати давлатї дохил нест.
    Савол: Оё мансабдорони давлатї вазифадор њастанд, ки дар давраи фаъолият ба њайси мансабдори давлатї аз фаъолияти соњибкорї даст кашанд?
     Ба ин савол дар љавоби якум ишора шудааст.
    Савол: Дар сурати ошкор шудани фаъолияти соњибкорї аз сўи мансабдори давлатї чи љазо пешбинї шудааст? Агар мансабдори давлатї њамзамон фаъолияти  соњибкорї  пеш барад, ќонунгузорї чи чора пешбинї мекунад?

Љавоб: Мувофиќи моддаи 11 Қонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» иљро накардани маҳдудиятҳои њангоми дар хизмати давлатї будани шахси мансабдор барои ба љавобгарї кашидани ў асос шуда метавонад.

Яъне, барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорї, иштирок дар идораи фаъолияти љамъияти хољагидор ё дигар ташкилоти тиљоратї, аз љумла дар ҳайати мақомоти идоракунии ташкилоти тиљоратї, ки узвият дар онҳо бе изҳори иродаи махсуси фардї ғайриимкон аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Љумҳурии Тољикистон, ба шахсони ба иљрои вазифаҳои давлатї ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда содир намудани ҳуқуқвайронкунии барои коррупсия шароит бавуљудоваранда њисобида шуда, агар он таркиби љиноятро надошта бошад, боиси љазои интизомї дар шакли сарзаниш, танбеҳ, танбеҳи қатъї ё озод намудан аз мансаби хизмати давлатї мегардад.

      Савол: Дар соли 2017 (ва 9 моњи соли љорї) чанд далели ба соњибкорї машѓул шудани мансабдорони давлатї (ё ба фаъолияти муздноке, ки  ќонунгузорї манъ кардааст) ошкор шудааст?
            Ба ин савол дар љавоби сеюм ишора шудааст.
           Бо назардошти он ки саволҳо мушаххас нишон дода нашудаанд, ба онҳо низ дар шакли умумї љавоб гардонида шуд. Аз ин рў, хоҳишмандем зимни таҳияи мавод маълумотҳо дар шакли маљмўї истифода бурда шаванд. Бо сабабе ки ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунї ба якдигар монанд нестанд, истифодаи љавоби умумї нисбати ҳолати мушаххас нодуруст ва хатост.
           Њамзамон ќайд менамоем, ки масъалањои ба ваколати Агентии хизмати давлатї дохил набуда, аз љониби маќомоти дигари ваколатдори давлатї мавриди баррасї ва санљиш  ќарор дода мешаванд, ки Шумо метавонед ба таври мушаххас ба онҳо мурољиат намоед.

                                                                                                                               Агентии хизмати давлатии назди
                                                                                                                              Президенти Љумњурии Тољикистон, 
                                                                                                                              24 октябри соли 2018

                                                                 

                                                                                                                                



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 25 26 27 28
29 30 31        

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2019 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон