17:58, 22 Майи 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

САРРАЁСАТИ МОЛИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Категория: Основная

1.Сардори шуъбаи баҳисобгирии алоқа бо бонкҳои Раёсати хазинадории Сарраёсат -1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудирии шуъбаро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ ва кор бо тобеон;

- мавудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- маҳорати хуби корӣ бо барномаҳои компютерӣ дар самти пешбурди фаъолияти корӣ.

Маоши мансабӣ 1389 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2.Мутахассиси пешбар – ҳуқуқшиноси шуъбаи кадрҳо ва сиёсати ҳуқуқии Сарраёсат–1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудирии шуъбаро ба танзим медароранд;

- мавудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- маҳорати хуби корӣ бо барномаҳои компютерӣ дар самти пешбурди фаъолияти корӣ.

Маоши мансабӣ 765 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба унвони роҳбари мақомот;

-варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи диплом;

-2 дона расми 3 х 4;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-нусхаи шиноснома;

-маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсї;

-нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 муқарраргардида;

-маълумотнома (справка-объективка);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-маълумотномаи оид ба надоштани доғи судӣ.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

           Шаҳри Бохтар, кучаи А.Сино–3, Сарраёсати молияи вилояти Хатлон.   Телефон барои тамос: 8(3222) 2-20-56, 93-518-90-00

         Муҳлати қабули ҳуҷҷатхо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Январ 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон