ОЗМУНИ КУШОДА БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҳои ЗЕРИНИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
- мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
- мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
1. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансабҳои мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер;
-донистани забони давлатӣ.
Маоши мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 635 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ.
Маоши мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 663 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ.
2.Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансаби мазкур дар Агентии хизмати давлатӣ ва сомонаи Агентӣ шинос шаванд.
3. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
- аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 086У);
- нусхаи шиноснома.
4. Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентӣ дар муҳлати 14 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар нашрия қабул карда мешаванд.
5. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 16 июли соли 2015
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33 (назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ), индекс: 734003, телефон/факс: 224-02-74, почтаи электронӣ: info@аhd.tj, Веб-сайт: www.аhd.tj
Бахши кадрҳо ва коргузорӣ
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








