МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Дастгоҳи раиси ноҳия:
- мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 472 сомонӣ
Воҳидҳои сохтории мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия:
-мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 472 сомонӣ
- сармутахассиси раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 702 сомонӣ
- мутахассиси пешбари раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 576 сомонӣ
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия:
- сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 702 сомонӣ
- мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 576 сомонӣ
- мутахассис оид ба ҷамъоварии андози Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 472 сомонӣ
- сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 702 сомонӣ
- нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 576 сомонӣ
- сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимои миллии Ҷамоати деҳоти Зидеҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 702 сомонӣ
- нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Деҳмалик – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 576 сомонӣ
- сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати шаҳраки Такоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 702 сомонӣ
- сармутахассис оид ба масъалаҳои омори ҷамоати деҳоти Чорбоғ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -702 сомонӣ
-нозири мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоати деҳоти Чорбоғ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 576 сомонӣ
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4 ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома дар бораи ҳайати оила;
- хислатнома;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ муқаррар-гардида;
- маълумотнома (справка- объективка).
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ:
Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер.
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
– малакаи кор бо компютер.
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
– малакаи кор бо компютер.
Суроғаиқабулиҳуҷҷатҳо:
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб (шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефон: 8-31-53-52-11-98
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то --- ноябри соли 2015
Эзоҳ:Иловапулӣба маоши мансабӣбарои собиқаи хизмати давлатӣҳар моҳба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








