Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Санаи 6 марти соли ҷорӣ дар толори идораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ҷиҳати таҷлили Рӯзи Модар ташкил гардид.

Чорабинии мазкурро Лангарӣ Ҷамила Салмон- сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҷашни муборак- Рӯзи Модар шодбош намуд.

Дар чорабинии мазкур Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Умеда Абдуллозода- муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Ҳусноро Мирзоева - собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ иштирок ва бо суханони табрикотӣ баромад намуданд.

Дар рафти суханронӣ Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентӣ ҳайати коллективи меҳнатии Саридораи бойгониро бо Рӯзи Модар муборакбод намуда, баён доштанд, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон бонувон дар баробари тарбияи фарзандони солеҳ чун қувваи бузургу пешбаранда дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти Ватан баробари мардон фаъолияти созанда доранд ва ҳамарӯза бо ташаббусҳои наҷиб, эҷодкорӣ ва садоқату самимият қалбҳои ҳамкоронро нуру сафо мебахшанд.

Ҳамзамон дар ин роҳи пурифтихор-хидмат ба Тоҷикистони азиз ва ҳиссагузорӣ дар таъмини зиндагии шоиста барои мардуми кишвар ба бонувон комёбию барор таманно намуданд.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ба истиқболи Рӯзи Модар Лангарӣ Ҷамила- сардори Саридораи бойгонӣ   барои дастовардҳои хизматӣ, ҳиссаи арзанда гузоштан дар татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ, бо бартарӣ иҷро намудани уҳдадориҳои мансабӣ ва саҳми арзанда доштан  барои тарбияи кадрҳои ҷавон бо мукофоти идоравӣ ва туҳфаи хотиравии Агентии хизмати давлатӣ қадрдонӣ карда шуд.

                                                                                                             Агентии хизмати давлатии назди                                                                                                                                          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон