Рейтинг:  5 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активна
 

Бо мақсади таъмини талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2019, №1287 «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 8 ноябри соли 2023, №301 баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2023 оғоз гардид.

Бо мақсади таҳкими арзёбии натиҷаи фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, ки омили боз ҳам самаранок гардидани нишондиҳандаҳои корӣ мебошад, расмиёти баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатии маъмурӣ дар охири сол тибқи Қоидаҳои мазкур роҳандозӣ карда мешавад.

Баҳодиҳии фаъолият аз марҳилаҳои омодагӣ, гузаронидани баҳодиҳии фаъолият ва татбиқи натиҷаҳои баҳодиҳии фаъолият иборат буда, хизматчии давлатӣ дар хусуси гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар муҳлати на камтар аз 15 рӯзи корӣ хабардор карда мешавад.

Мақсади баҳодиҳии фаъолият ин муайян кардани натиҷаҳои кории хизматчии давлатӣ дар давраи як соли тақвимӣ мебошад ва аз ҷамъбасти баҳодиҳӣ бояд натиҷаҳои мусбӣ қадрдонӣ гардида, барои бартараф намудани паҳлуҳои манфии фаъолият тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Тибқи фармоиши мазкур ва Ҷадвали баргузории баҳодиҳии фаъолият санаи 14 декабри соли 2023 бо ишироки сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ Файзализод А.Ф. бо мақсади муаяйн намудани сатҳи самаранокии иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчиёни давлатии шуъба баҳодиҳии фаъолият гузаронида шуда, фаъолият дар соли 2023 натиҷагирӣ карда шуд.

 

         Агентии хизмати давлатии назди

         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон