Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Раёсати шаҳрсозӣ

  1. Мутахассиси раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062 сомонӣ.

   

Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон:

  1. Мутахассиси пешбари раёсат - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1286 сомонӣ.

 

Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ

  1. Сармутахассиси раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ.
  2. Мутахассиси раёсат - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062 сомонӣ.

 

Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ:

  1. Сардори шуъбаи барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва амалигардонии раёсат - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2115 сомонӣ.
  2. Мутахассиси раёсат - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062 сомонӣ.

 

Раёсати корҳо:

  1. Ёвари Раис - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ.
  3. Мутахассис пешбари раёсат - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1286 сомонӣ.

 

Шуъбаи ҳуқуқ:

  1. Сармутахассиси шуъба – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ.
  2. Мутахассиси шуъбаи ҳуқуқ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062 сомонӣ.

                                                

Шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибот:

  1. Сармутахассиси шуъба – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5  сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

 -таҳсилоти олии касбӣ,  ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 -1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ,  ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳои  (бо 2 дона акси андозаи 4x6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

 -нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотномаи доѓи судӣ

-маълумотнома (объективка)

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

 Шаҳри Душанбе, хиёбони Ҳусейнзода – 36

Телефон барои тамос: 221-98-59

 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.