Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мутахассиси бахши рушди иқтисод ва савдо – 1 ҷой,

Талаботи асоси нисбати довталаб:

- таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисоси иқтисодчӣ ва идоракунии давлатӣ  

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;

Маоши мансабӣ 897,10 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти ба номи Р.Юсуфбеков – 1 ҷой,

Талаботи асоси нисбати довталаб:

- таҳсилотии олӣ касбӣ, бо ихтисосҳои шарқшиносӣ, таърихшиносӣ, сиёсатшиносӣ, филологияи тоҷик, таърих, таърих ва ҳуқуқ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи арзанд”.

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ       мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;

    Маоши мансабӣ - 1287 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои

зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи раиси ноҳия;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломати дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Ноҳияи Ишкошим, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, кўчаи М.Бобоков7. Индекс 736500

Телефонҳо барои тамос:/Факс: (83553) 21-1-25 телефони мобилӣ 93-541-41-70, 501-07-36-59

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.