- Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1361-00 сомонӣ.
- Сармутахассис - сармуҳосиби раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1361-00 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1361-00 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1112-00 сомонӣ.
- Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Работ- 1 ҷой, маоши мансабӣ 1236-00 сомонӣ.
- Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1236-00 сомонӣ.
- Сармутахассис сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Сешанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1236-00 сомонӣ.
- Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти ба номи Т.Тўйчиев - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1236-00 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Қаратоғ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012-00 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Сешанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012-00 сомонӣ.
- Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Пахтаобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012-00 сомонӣ.
- Мутахассис (оид ба масъалаи андоз)-и Ҷамоати деҳоти Регар - 1 ҷой, маоши мансабӣ 830-00 сомонӣ.
- Мутахассис (оид ба масъалаи андоз)-и Ҷамоати деҳоти Пахтаобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ 830-00 сомонӣ.
- Мутахассис (оид ба масъалаи андоз)-и Ҷамоати деҳоти Қаратоғ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 830-00 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассиси
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи кор бо компютер.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-эъломия дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Турсунзода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, кўчаи М. Турсунзода 130/45, телефон: (8-31-30) 2-22-07, 2-25-96
www.tursunzoda.tj, Email: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
-
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.